доира

доира
I
[دائره]
а
1. хати гирде, ки бо паргор кашида мешавад
2. сатҳе, ки хати гирд онро иҳота кардааст
3. ҳалқа, давра; маҳфил
4. маҷ. гурӯҳи одамоне, ки манфиат ва касбу корашон як аст: доираҳои расмӣ, доираҳои тиҷоратӣ, доираҳои ҳарбӣ, доираҳои ҳолдон
5. ҳад, ҳудуд: дар доираи шаҳр будани корхона, аз доираи вазифа берун будани коре
6. дар ибораҳои истиоравӣ ба маънои дараҷаи фарогирӣ, андозаи дарбаргирии чизе истеъмол мешавад: доираи фаъолият, доираи дониш, доираи фаҳмиш, танг будани доираи фаъолияти касе; доираи адабӣ муҳити адабӣ; доираи одоб ҳадди риояти одоб; доираи назар дараҷаи иҳотаи дониш, савияи фаҳм, ҷаҳонбинӣ; аз доирае баромадан аз қатори… баромадан; аз муҳите хориҷ шудан; ба доирае даромадан ба гурӯҳе дохил шудан, ба маҳфиле даромадан
II
[دائره]
а. ниг. дойра

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужен реферат?

Смотреть что такое "доира" в других словарях:

  • ҳалқа — [حلقه] а 1. ҳар чизи давра ва доирашакл, ки дарунаш холӣ бошад: ҳалқаи дар 2. давра, доира; ҳалқаи иҳота доираи муҳосира 3. гӯшвора 4. печутоби мӯй; ҳалқа ҳалқа доира доира, гирд гирд, гиреҳ гиреҳ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • давоир — [دوائر] а. кит., ҷ. доира I (доираҳо) …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • қутр — [قطر] а 1. риёз. хатти росте, ки аз маркази доира гузашта, доираро ба ду ҳиссаи баробар тақсим мекунад, диаметр: қутри доира, қутри Моҳ, қутри қубур 2. ғафcӣ, захомат …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • марказ — [مرکز] а 1. нуқтаи миёнаи доира, ки як пои паргор дар он устувор қарор гирифта, пои дигараш мегардад: маркази доира 2. миёнаҷои ҳар чиз, васат, мобайн: маркази зилзила, маркази коинот, маркази чорраҳа, дар маркази даромадгоҳ 3. маҳалле, ки… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • нуқта — [نقطه] а 1. изи бисёр хурде, ки бо як бор расондани нӯги қалам ё ягон чизи нӯгтез пайдо мешавад; нуқтаи ҳарфҳои арабӣ аломати холчамонанде, ки дар боло ва зери ҳарфҳои арабӣ гузошта мешавад 2. грам. аломати ист дар китобат (.), ки дар охири ҷумла …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • осмонкаф — [آسمان کف] маҷ. хеле баланд ва пурсадо, раъдвор, пурғулғула; базми осмонкаф базми хеле пурдабдаба; осмонкаф доира навохтан хеле баланду пурғулғула доира задан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • паргор — [پرگار] 1. афзорест барои кашидани доира, сиркул 2. доира 3. маҷ. роҳ, равиш; тариқ; чора …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • парҳун — [پرهون] кит. доира, ҳалқа, чанбар; ҳар чизи доирашакл, тавқ; ҳола, хирмани моҳ; парҳун кашидан доира кашидан, ҳалқа намудан, иҳота кардан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • чанбар — [چنبر] 1. доира, ҳалқа, ҳар чизи доирашакл ва ҳалқамонанд; чанбари зулф ҳалқаи зулф; чанбар кардан доирашакл кардан, ҳалқа кардан; чанбари ханҷар чанбаре, ки дар тарафи дохилии он ханҷарҳо гузошта мешуд ва дорбозону чашмбандон аз он мегузаштанд;… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • Бубен — У этого термина существуют и другие значения, см. Бубны (значения). Эта статья  о современном инструменте. О старинном французском барабане см. Тамбурин …   Википедия


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»